Ҳадафи Конвенсияи оид ба гуногунии биологӣ ҳифз, истифодаи устувор ва барқарорсозии захираҳои табиӣ мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1997 ба ин Конвенсия ҳамроҳ шуд. Дар кишвар барномаҳои миллии ҳифзи экосистемаҳо ва намудҳои нодир амалӣ мегарданд. Конвенсия ҳамкории муоссири давлат, ҷомеаи илмӣ ва аҳолиро тақвият мебахшад. Нигоҳдории гуногунии биологӣ кафолати рушди устувор ва ояндаи сабзи Тоҷикистон аст.
Маълумот дар бораи наботот, ҳайвонот ва минтақаҳои махсус муҳофизатшавандаи табиӣ — мустақиман аз пойгоҳи миллии додаҳо.
Дар пойгоҳи додаҳо ҳудудҳои махсус муҳофизатшаванда, аз ҷумла мамнӯъгоҳҳо, боғҳои миллӣ ва табиӣ сабт шудаанд.
Пойгоҳи додаҳо маълумотро дар бораи 2635 намуди растаниҳо дар бар мегирад, аз ҷумла навъҳои эндемикӣ ва шифобахш.
Навъҳои зиёди ҳайвонот зери хатари нобудшавӣ қарор доранд, ва ҳифзи онҳо вазифаи аввала маҳсуб меёбад.
Конвенсияи Рамсар дар бораи мавзеҳои обӣ ва ботлоқи, ки аҳамияти байналмилалӣ доранд, асосан ҳамчун макони зисти паррандагони оби 2 феврали соли 1971 дар Шаҳри Рамсар, Эрон қабул карда шуд.
Конвенсия аввалин шартномаи байналмилалии ҷаҳонӣ мебошад, ки пурра ба як намуди экосистема ё мавзеҳо бахшида шудааст, ки маънои муҳити табиии зисти ягон намуд ё намуди муайяни биологиро дорад; мисолҳои мавзеҳо метавонанд ҷангалҳо, ғорҳои зеризаминӣ, кӯлҳо ва дарёҳои оби соф ва ғайра бошанд). Мавзеҳои обӣ ва ботлоқи дар байни системаҳои хушкӣ ва обӣ мавқеи миёна доранд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 қитъа мавҷуд аст: кӯлҳои Қароқул, Шоркӯл ва Рангкӯл, Зоркӯл, ҷараёни поёнии дарёи мамнӯъгоҳи "Бешаи палангон" ва Обанбори Қайроқум (баҳри Тоҷикистон), ки ба рӯйхати мавзеҳои обӣ-ботлоқи Конвенсияи Рамсар ҳамчун макони зисти паррандагони кучанда ва фаромарзӣ бо масоҳати 100 гектар дохил карда шудаанд.
Шакли оддии онлайнро пур кунед, то барои истифода ё таҳқиқи захираҳои генетикӣ дархости расмӣ пешниҳод намоед. Ҳамаи дархостҳо дар доираи қонунгузории миллӣ ва созишномаҳои байналмилалӣ баррасӣ мешаванд.
Пешниҳоди дархост
Дархости пешниҳодшуда дар ҳамин сол
Дархости тасдиқшуда
Рӯйдодҳои марбут ба ҳифзи табиат, гуногунии биологӣ ва экология дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Семинари минтақавӣ таҳти унвони «Ҳифз ва истифодаи оқилонаи мавзеъҳои обӣ ва ботлоқзор дар доираи Конвенсияи Рамсар» баргузор гардид
Сохранение биоразнообразия является одной из ключевых задач современного природопользования.