Маркази Миллии Гуногунии Биологӣ ва Бехатарии Биологӣ (МБББ) бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 392 аз 1 сентябри соли 2003 таъсис ёфтааст. Марказ мақоми калидӣ буда, корҳои татбиқи Стратегияи Миллиро ҳамоҳанг месозад.
Ҳадафи асосии ММГББ ҳамоҳангсозии корҳо дар доираи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ ва ҳалли масъалаҳои мубрам дар соҳаи экология ва рушди устувори кишвар мебошад.
Марказ фаъолияти худро якҷоя бо Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист, Академияи илмҳои ҶТ ва вазорату идораҳои ҷумҳурӣ амалӣ месозад.
Мо барои лоиҳаҳои муштарак, мубодилаи илмӣ ва шарикӣ дар соҳаи ҳифзи гуногунии биологӣ кушодаем